Мототсиклронони беҳтарин муайян шуданд
Душанбе, 7.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мусобиқаи ҷумҳуриявии пойгаи мототсиклронӣ 6 апрели соли равон дар машқгоҳи Ташкилоти Ҷамъиятиии мададгори мудофиа, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расид. Дар он дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Ёвон, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Восеъ ва Ҷомӣ иштирок намуданд.
Аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ дастаи мактаби муттаҳидаи техникии ТҶММ-и шаҳри Турсунзода мақоми аввал, дастаи мактаби автомобилии ноҳияи Ёвон мақоми дуюм ва дастаи Клуби вилоятии варзишию техникии вилояти Хатлон мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибон бо диплом, ҷом ва туҳфаҳои ТҶММ қадрдонӣ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






