Муҳоҷирони тоҷикро кӣ бо кор таъмин мекунад?
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар ҷумҳурӣ 41 субъекти хоҷагидор (дар ҳамин давраи соли 2013- 35 субъекти хоҷагидор) дорои иҷозатномаи (литсензия) интиқоли қувваи корӣ мебошад. Тавассути ин субъектҳои хоҷагидор то ҳолати 19 марти соли 2014, 923 нафар муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо кор таъмин гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ( 800 нафар) 123 нафар зиёд мебошад. Сабаби суст будани интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа ин пурзўр намудани қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия ва коҳиш ёфтани квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ин давлат дар соли 2014 мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз 41 субъекти хоҷагидории интиқолкунанда, танҳо субъектҳои хоҷагидори КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон», ҶДММ «Муҳоҷир», ҶДММ «Олами саёҳат», ҶДММ «Имон» ва КВД «Тоҷикхориҷакор» иштирок намуданд. Аз тарафи субъектҳои мазкур 520 ҷойи корӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ байни субъектҳои ҳоҷагидори КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» ва ҶДММ «Муҳоҷир» дар соли ҷорӣ 60 нафар шаҳрванд барои кори мавсимӣ ба совхози «Карповский»-и ноҳияи Городишенскии вилояти Волгоград сафарбар шуда, бо кор таъмин гардид. Қисми асосии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз 90%-ро ташкил медиҳанд, мисли солҳои пеш бо сабаби мавҷуд набудани раводид бо Федератсияи Русия мустақилона барои кор ба ин кишвар равона мегарданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






