Муҳокимаи масъалаи хатсайри героин
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Алма-Ато семинар аз рӯи масъалаҳои таҳлил ва мубодилаи иттилоот “Хатсайри героин II — шабакаи иттилоотӣ саросари хатсайри героин” таҳти сарпарастии Маркази Осиёимиёнагии минтақавии иттилотии ҳамоҳангсоз (ЦАРИКЦ) баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони 14 кишвар ва 7 ташкилоти байналмиллалӣ иштирок намуданд.
Дар кори семинар аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ подполковник Т. Одинабеков ва подполковник Ф. Муродова иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии агентӣ, дар семинар масъалаҳои механизми мубодилаи иттилоот байни кишварҳои аъзои Маркази Осиёимиёнагии минтақавии иттилотии ҳамоҳангсоз, шарҳи таҳлилҳои муштараки Маркази Осиёимиёнагии минтақавии иттилотии ҳамоҳангсоз ва замина барои мониторинги муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба сифати механизм барои мусоидат ба мубодила ва таҳлили иттилоот дар минтақа муҳокима гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






