Муҳокимаи масъалаи идораи маблағҳои давлатӣ

Апрель 18, 2014 14:50

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). —  17  апрел  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  Вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Абдусалом  Қурбонов  бо  ҳайати  Хазинаи  байналмилалии  асъор  таҳти роҳбарии  Димитар  Радев  баргузор гардид.
Назар  ба  иттилои  котиботи Вазорати  молияи  ҶТ,  мулоқот  дар  вазъияти  судманд  сурат гирифта,  ҷонибҳо  масоили   арзёбии  ислоҳоти  ҷорӣ  ва   дастовардҳои бахши идораи   маблағҳои  давлатиро баррасӣ  намуда,  масъалаҳои  татбиқи  минбаъдаи  лоиҳаҳою  барномаҳои ба  нақша  гирифташударо  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Зикр  шуд, ки  мақсад  аз  ҳамаи  чорабиниҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иборат  аз баланд  бардоштани   сатҳи  некуаҳволии  мардуми  кишвар  аст. 
Вазири  молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  А.Қурбонов  ба  Д.Радев  изҳори  миннатдорӣ  карда,  зикр  намуд, ки  дар  давраи  ҳамкорӣ  бо Хазинаи  байналмилалии  асъор,  хусусан  дар  бахши  ислоҳоти ниҳодҳои  молиявии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дастовардҳои  назаррас  ба  даст омаданд.

Апрель 18, 2014 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе