Муҳокимаи масъалаи идораи маблағҳои давлатӣ
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — 17 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии Димитар Радев баргузор гардид.
Назар ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, мулоқот дар вазъияти судманд сурат гирифта, ҷонибҳо масоили арзёбии ислоҳоти ҷорӣ ва дастовардҳои бахши идораи маблағҳои давлатиро баррасӣ намуда, масъалаҳои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳою барномаҳои ба нақша гирифташударо мавриди муҳокима қарор доданд.
Зикр шуд, ки мақсад аз ҳамаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар аст.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Қурбонов ба Д.Радев изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки дар давраи ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор, хусусан дар бахши ислоҳоти ниҳодҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои назаррас ба даст омаданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






