Муҳокимаи масъалаи захираҳои об дар ҷаласаи КБРУ

Апрель 2, 2014 13:29

Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Назир  Назиров). – Комиссияи байнидавлатӣ  оид ба рушди  устувори Осиёи  Марказӣ  дар  шаҳри  Душанбе  ба  кори  худ  шурӯъ  намуд. 
Дар  кори  комиссия  раиси Кумитаи ҳифзи   муҳити  зисти  назди Ҳукумати  Тоҷикистон  Хайрулло  Ибодзода, вазири ҳифзи  муҳити  Туркманистон  Бобогелди Аннабайрамов,  муовини  раиси Кумитаи   давлатии оид  ба  ҳифзи  муҳити  зисти  Ӯзбекистон  Камолиддин  Содиқов  иштирок  доштанд.
Дар  ҷараёни  мулоқот  пешниҳоди Комиссияи экологии  аврупоии СММ  дар  бораи ташкили  гурӯҳи  кории назди Комиссияи  байнидавлатӣ  оид ба рушди устувори Осиёи  Марказӣ мавриди  муҳокима  қарор  гирифт.
Мақсад  аз  ташкили гурӯҳи  корӣ  танзими  фаъолияти  якҷоя  барои   идораи сифати  захираҳои оби минтақаи Осиёи  Марказӣ ва таҳлили  чорабиниҳои  муштарак  ҷиҳати  мубориза бо  ифлосшавии  маҷрои  оби сарҳадот мебошад.

Апрель 2, 2014 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик