Муҳокимаи масъалаи захираҳои об дар ҷаласаи КБРУ
Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар, Назир Назиров). – Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ намуд.
Дар кори комиссия раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, вазири ҳифзи муҳити Туркманистон Бобогелди Аннабайрамов, муовини раиси Кумитаи давлатии оид ба ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон Камолиддин Содиқов иштирок доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот пешниҳоди Комиссияи экологии аврупоии СММ дар бораи ташкили гурӯҳи кории назди Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мақсад аз ташкили гурӯҳи корӣ танзими фаъолияти якҷоя барои идораи сифати захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ва таҳлили чорабиниҳои муштарак ҷиҳати мубориза бо ифлосшавии маҷрои оби сарҳадот мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






