Муҳокимаи проблемаҳои муҳими бахши косибӣ
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар ). – 10 апрел Иттифоқи косибони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Проблемаҳои муҳими бахши косибии Ҷумҳурии Тоҷикистон», — ро доир намуд, ки дар ҳошияи он масоили муҳими бахши косибии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни кори мизи мудаввар ҳамчунин мақсаду вазифаҳои лоиҳаи «Косибӣ ва тиҷорат бо василаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои одилона», ки онро Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи Осиёи Марказӣ Инвест маблағгузорӣ мекунад, баррасӣ шуданд. Бархе масоили муҳими бахши косибӣ ҷиҳати танзими давлатии фаъолияти косибони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сардори шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Сайёра Абдуллоева ба косибон пешниҳод намуд, ки дар ҳошияи фаъолияти Палатаи савдо ва саноат дар ярмаркаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд.
Дар ҷараёни кори мизи мудаввар косибони Тоҷикистон, ҳамчунин роҳбарони созмонҳои онҳо дар мавриди фаъолияти иттиҳодияҳои косибон ва мушкилоти фаъолияти онҳо сухан ронданд.
Хотирнишон месозем, ки Иттифоқи косибони Тоҷикистон сол 2012 ба ҳайси созмони ҷамъиятие таъсис ёфта буд, ки косибону созмонҳои бахши косибиро дар бар гирифта, ба фароҳам овардани шароити рушди иқтисодию иҷтимоии косибони ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






