Мубориза бар зидди малах дар Вахш

Апрель 28, 2014 14:23

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Мувофиқи маълумотҳои фаврии КВҶД «Мубориза бар зидди малах», дар ҷумҳурӣ майдони умумии паҳнгаштаи малахҳо  27 ҳазору 073 гектарро ташкил медиҳад, ки дар майдони 7679 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Инчунин баҳри мубориза бар зидди малах 18 адад трактори дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 342 дорупошаки дастӣ ва моторӣ ва 947 нафар қувваи корӣ фаъолият дорад.
Паҳншавии малах бештар  дар вилояти Хатлон ба назар расида, майдони 20740 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 5590 гектарро ташкил медиҳад.  
  КВҶД «Мубориза бар зидди малах» дар айни замон барои мубориза бар зидди малах ба ноҳияҳои вилояти Хатлон 18 адад трактори дорупоширо сафарбар намудааст, ки ҳоло муташаккилона фаъолият доранд.       
 

Апрель 28, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик