Мулоқотҳои Э. Раҳмон бо роҳбарони ду ширкати бонуфузи чинӣ
Душанбе, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Мардуми Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот бо Сун Ҷубин, роҳбари ширкати Сун Юлини чинӣ масоили вобаста ба нақшаи сохтмони корхонаи нави семент дар шаҳри Исфара баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, барои сохтмони он корхонаи муштараки Билол Сун Юлин семент таъсис дода шудааст.
Корхонаи нави семент дар шаҳри Исфара дорои иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна буда, бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд мешавад. Дар он 1000 нафар бо кор таъмин мегарданд, ки аксари кулли онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Дар корхона сементи ба таъсири сулфат устувори навъи 400 ва 500 истеҳсол хоҳад шуд, ки ба талаботи сохтмони тамоми иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги гидротехникӣ ҳам мутобиқ аст.
Бунёди корхона моҳи майи соли равон оғоз ёфта, то моҳи декабри соли 2015 ба кор дароварда хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки корхона аз сӯзишвории ангишт истифода мебаранд. Барои истеҳсоли 1,2 миллион тонна ҳамагӣ 200 ҳазор тонна ангишт истифода мешавад. Дар корхона технологияи навтарин насб мегардад, ки бе чангу дуд ва партов буда, ба талаботи ҷаҳонии экологӣ ҷавобгӯй аст.
Барои кор бо технологияи нав беш аз 350 нафар кадрҳои тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Чин омӯзонда хоҳанд шуд.
Дар мулоқот бо роҳбари ширкати чинии Янтай групп Си Чен Ҳу масоили ду баробар тавсиа додани корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” ва бунёди корхонаи истеҳсоли резинаи чархҳои мошин баррасӣ шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин ширкати чинӣ бо шариконии тоҷики худ барои ду баробар зиёд намудани истеҳсоли тиллою нуқра дар корхонаи Апрелевка 100 миллион доллари амрикоӣ сармояи иловагӣ ворид карданианд.
Корхонаи резинаи чархҳои мошин бошад, бо харҷи 200 миллион доллари амрикоӣ дар майдони 50 га замини бекор бунёд ёфта, иқтидораш аз 200 ҳазор то 1 миллион дона маҳсулот дар як сол мебошад.
Дар ин корхона резинаи чархҳо барои мошинҳои калони боркаш, мошинҳои махсуси саноати кӯҳӣ ва техникаи кишоварзӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Дар ҳардуи ин корхонаҳо беш аз 3000 нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши баланд таъмин мегарданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






