Мулоқот бо шарики боэътимод
Хоруғ, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед намояндаи баландпояи Оғохони чаҳорум дар Тоҷикистон Алиакбар Песнаниро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба ҳамкории ин созмон дар робита ба дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, аз ҷумла тезондани сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, сохтмони толори варзишии муштарак дар маҳалли Теми шаҳри Хоруғ барои варзишгарони тоҷику афғон, толори варзишӣ дар маҳаллаи Хоруғи боло, дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ, тамдиди шартномаи «JICA»-и Оҷонсии рушди Ҷопон, ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, мусоидат ба бозомӯзии касбии мутахассисон ва дигар масоил табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба иҷрои барномаҳо изҳор дошта, Алиакбар Песнани аз номи намояндагони ташкилоти Оғохон баён дошт, ки барои амалӣ гаштани барномаҳои аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар вилоят бо кумаку ҳамкории ҳукумати кишвар талош меварзанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






