Мулоқот бо шарики боэътимод

Апрель 14, 2014 10:55

Хоруғ, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Раиси  вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед намояндаи  баландпояи Оғохони  чаҳорум дар Тоҷикистон Алиакбар Песнаниро  ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот    оид ба ҳамкории ин созмон дар робита ба  дурнамои  рушди   иҷтимоию иқтисодии вилоят, аз ҷумла  тезондани сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ,  дастгирии соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ,  сохтмони толори варзишии муштарак дар маҳалли Теми шаҳри Хоруғ барои варзишгарони тоҷику афғон, толори варзишӣ дар маҳаллаи Хоруғи боло,  дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ,  тамдиди шартномаи «JICA»-и Оҷонсии  рушди Ҷопон,  ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ,  мусоидат ба  бозомӯзии касбии мутахассисон ва дигар масоил табодули афкор сурат гирифт. 
    Ҷонибҳо  ҳавасмандии хешро ба иҷрои барномаҳо изҳор дошта, Алиакбар Песнани аз номи  намояндагони  ташкилоти  Оғохон  баён дошт, ки барои амалӣ гаштани барномаҳои аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар вилоят бо кумаку ҳамкории ҳукумати кишвар  талош меварзанд. 

Апрель 14, 2014 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид