Мулоқоти Ҷ. Нурмаҳмадзода бо намояндагони БРЧ

Апрель 21, 2014 11:32

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 10-уми Иттиҳоди байнибонкии СҲШ як гӯруҳи корӣ аз Бонки Рушди Чин (БРЧ), ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, пас аз анҷоми ин ҷаласа оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаи кушодани хатти қарзии нав бо раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» вохӯрӣ анҷом доданд. 
Дар вохӯрӣ раиси Раёсати «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба ҳамкориҳои «Амонатбонк» бо БРЧ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар заминаи ҳамкориҳое, ки имрӯз «Амонатбонк» бо Бонки Рушди Чин ба роҳ мондааст, дастовардҳо ва натиҷаҳои хуби ин ҳамкориҳо баррасӣ гардида, тарафҳо аз натиҷаи он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сипас масъалаи кушодани панҷумин хатти қарзии миёни БДА ҶТ «Амонатбонк»  ва Бонки Рушди Чин, ки он барои дастгирии  соҳибкории хурду миёна ва бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ бо пешниҳоди қарзҳои хурди истеъмолӣ ба мардум, ҳамчунин рушди соҳибкорӣ дар манотиқи кӯҳистони кишвар мебошад, баррасӣ гардид. 
Раиси Раёсат Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба меҳмонон аз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ миёни «Амонатбонк» ва БРЧ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба сипосгузорӣ намуд. Меҳмонон аз корхонаи «Ёқут-2000»-ум ва чанд корхонаи дигари истеҳсолии  шаҳри  Душанбе, ки бо маблағҳои қарзии БРЧ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, дидан намуданд.
 
 
 
 
 
 

Апрель 21, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад