Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Штефан Эрбер

Апрель 23, 2014 14:11

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрберро ба ҳузур пазируфт. Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Раиси вилоят изҳор намуд, ки дар вилоят ҷиҳати эҳёи соҳаи саноати сабук ва ҳунарҳои анъанавӣ низ ташаббусҳои муфид бо мақсади фаъол кардани корхонаҳои азими аз кор монда, ташкили коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва рушди гилембофию сӯзанидӯзӣ амалӣ мешаванд.
Штефан Эрбер ҳавасмандии ҷонибашро дар самти амалӣ намудани якчанд барномаи муфид на танҳо дар соҳаи кишоварзӣ, балки саноат низ изҳор намуд. Ӯ афзуд, вилояти Суғд аз минтақаҳоест, ки ташкилоти мазкур метавонад дар амалӣ намудани чунин лоиҳаҳо фаъолона ширкат варзад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
 
 

Апрель 23, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад