Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Зуев

Апрель 18, 2014 12:35

Душанбе, 18.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо баррасӣ шуд.Александр Зуев доир ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2013 ва нақшаҳо барои соли равон гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки бунёди озмоишгоҳи инноватсионии бемориҳои сироятӣ ва се шифохонаи бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи маориф ва идомаи безарарсозии мина ва дигар моддаҳои тарканда, ки дар гӯшаҳои алоҳидаи Тоҷикистон аз замони муноқишаҳои дохилӣ боқӣ мондаанд, аз натиҷаҳои асосии ҳамкории муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон аст.Тавре зикр гардид, тавассути роҳандозии усулу василаҳои нави безаргардонии моддаҳои тарканда дар соли 2013 он қадар аз ин мавод безарар гардидааст, ки нисбат ба 8 соли пешин 40% зиёд аст.Ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки оянда низ ҳамгироии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид пурсамар хоҳад буд.

Апрель 18, 2014 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад