Мулоқоти М. Маҷидов бо донишҷӯёни спитаменӣ

Апрель 1, 2014 15:13

Душанбе, 1.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  раиси ноҳияи Спитамен  Муҳтадӣ  Маҷидов доир ба мақому эътибори омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза ҳарф зада, омӯзгорро боғбон унвон намуд, зеро вай низ дар давоми фаъолияташ муҳассилинро бо меҳр парвариш менамояд. 
-«Дар давоми ду соли охир дар ноҳияи Спитамен беш аз 178 нафар мутахассиси ҷавон ба кор фаро гирифта шуд. Ба 10 нафар ҷавон соҳиби қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Ба 23 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд»,-афзуд раис.
Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдулфаттоҳ Раҳимов гуфт, ки тибқи дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  наздик ду моҳ инҷониб дар донишгоҳ вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят бо донишҷӯён — хатмкунандагони ихтисосҳои  омӯзгорӣ  сурат гирифта истодааст. Ин тадбир пеш аз ҳама баҳри фарогирии хатмкунандагон тибқи роҳхат ба ҷойи корӣ  буда, баъдан кам кардани теъдоди  омӯзгороне, ки бидуни маълумоти олӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии вилоят ба толибилмон дарс мегӯянд, ки мувофиқи омори расмӣ  имрӯз беш аз 490 нафарро ташкил медиҳанд.  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров  дорои заминаи кофии тайёр намудани мутахассисони баландараҷаи соҳаи омӯзгорӣ  буда, омодааст, ки дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят кадрҳои баландихтисос дар ин самт тайёр намояд. 
Дар охир ба 55 нафар донишҷӯён кӯмаки молӣ  расонида шуд.
Дар ин бора  роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод.

Апрель 1, 2014 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик