Мулоқоти М. Маҷидов бо донишҷӯёни спитаменӣ
Душанбе, 1.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров раиси ноҳияи Спитамен Муҳтадӣ Маҷидов доир ба мақому эътибори омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза ҳарф зада, омӯзгорро боғбон унвон намуд, зеро вай низ дар давоми фаъолияташ муҳассилинро бо меҳр парвариш менамояд.
-«Дар давоми ду соли охир дар ноҳияи Спитамен беш аз 178 нафар мутахассиси ҷавон ба кор фаро гирифта шуд. Ба 10 нафар ҷавон соҳиби қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Ба 23 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд»,-афзуд раис.
Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдулфаттоҳ Раҳимов гуфт, ки тибқи дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ наздик ду моҳ инҷониб дар донишгоҳ вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят бо донишҷӯён — хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ сурат гирифта истодааст. Ин тадбир пеш аз ҳама баҳри фарогирии хатмкунандагон тибқи роҳхат ба ҷойи корӣ буда, баъдан кам кардани теъдоди омӯзгороне, ки бидуни маълумоти олӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии вилоят ба толибилмон дарс мегӯянд, ки мувофиқи омори расмӣ имрӯз беш аз 490 нафарро ташкил медиҳанд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дорои заминаи кофии тайёр намудани мутахассисони баландараҷаи соҳаи омӯзгорӣ буда, омодааст, ки дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят кадрҳои баландихтисос дар ин самт тайёр намояд.
Дар охир ба 55 нафар донишҷӯён кӯмаки молӣ расонида шуд.
Дар ин бора роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






