Мулоқоти Президент бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди Суғд
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии Арбоби шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таълиму тарбияи босифати насли наврас, бунёд ва навсозию таҷҳизи муассисаҳои таҳсилотӣ, тарғиби варзишгарӣ ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аз гароиш ба равияҳои хатарноки ифротӣ, баланд бардоштани масъулияти раҳнамоии волидону омӯзгорон ва кулли аҳли ҷомеа ва ҳамчунин роҳҳои тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақилли миллӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “кишвари ҷавонон” номида, изҳор дошт: “Мо орзуманди онем, ки шумо ҳамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва нерӯи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халқи бузургвори мост”.
Бо ёдоварӣ аз бунёду навсозии муассисаҳои сершумори таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра таъкид гардид, ки наврасону ҷавонони кишвар бояд имконоти муосири муҳайёнамудаи давлати соҳибистиқлоли худро пурсамар истифода бурда, кадрҳои ояндасози Тоҷикистони азиз гарданд.
Тавре зикр гардид, танҳо тайи солҳои 2011-2013 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 варзишгоҳ, маҷмааҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва толору майдончаҳои ин соҳа сохта ё тармим карда шудаанд.
Бо таваҷҷуҳ ба зарурати пешгирии баъзе ҷавонон аз гумроҳӣ ва аз гароиши онҳо ба ҳаракату равияҳои бегонаю ифротӣ таъкид гардид: “Сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт чораҳои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд”.
Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки “ҷавонони мо чун фарзандони асили Ватан барои тараққиёти Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаландамон заҳмат кашида, кишвари худро ба давлати пешрафта табдил медиҳанд”.
Пас аз суханронӣ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух ва табодули андешаҳо ҷараён гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






