Мулоқоти Р.Шодиков бо роҳбарони ширкатҳои туристии Суғд
Душанбе, 16.04.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 14-ум то 16 -уми апрели соли ҷорӣ Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷўёни риштаи туризм ва роҳбарону кормандони ширкатҳои туристии вилояти Суғд мулоқот анҷом дод.
Ҳадаф аз мулоқот ҷалб ва омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, алалхусус роҳбаладҳо дар шароити кӯҳӣ дар макотиби сатҳи олӣ, масъалаҳои қабул ва пешкаш кардани хизматрасонии муносиб ба туристони хориҷӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои туристӣ мебошад.
Ба иттилои дафтари матбуоти кумита мулоқот дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2010-2014», иҷрои Протоколи ҷаласаи XII-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ аз 13-уми декабри соли 2013, инчунин бо мақсади ба роҳ мондани механизмҳои муосири омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, тибқи нақшаи баргузории мулоқот бо донишҷўёни риштаи туризми муассисаҳои олӣ сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






