Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Саидмаҳдӣ Ибодӣ

Апрель 22, 2014 12:02

Душанбе, 22.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз  раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Чумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаҳдӣ Ибодӣ мулоқот намуд.
Ба иттилои Фирдавс Баҳромӣ, масъули Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ зимни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки  дар давоми соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд 6 коргоҳи омӯзишии сӯзанидӯзӣ ва қолинбофӣ ва ҳамзамон 3 коргоҳи истеҳсолии дӯзандагиро роҳандозӣ намоянд. Дар вохӯрӣ Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона изҳор намуд, ки ду сол қабл дар маркази вилояти Суғд ҳамоиши байналмилалии “Шеъри ҳимоят” баргузор гардид. Алҳол дафтари намояндагии Имом Ҳумайнӣ омода аст, барои бори дигар баргузор намудани ин ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд, ки аз ҷониби шоираи маҳбуб Фарзона пешниҳод шуд, мусоидат намояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро барои фароҳам овардани шароиту имконият барои ин ҳамоиши байналмилалӣ изҳор намуд.

Апрель 22, 2014 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд