Мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент бо донишҷӯён
Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров раиси шаҳри Панҷакент Хисрави Абдуназар бо донишҷӯёне, ки аз ин ноҳия дар донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунанд, мулоқот намуд. Хисрави Абдуназар гуфт, ки ҷавонон бояд пешоҳанг ва ташаббускори ормонҳои давлату миллат бошанд. Аз шаҳри Панҷакент дар макотиби олии вилоят 109 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамояд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултаҳои мухталифи ДДХ 130 нафар донишҷӯ аз шаҳри Панҷакент таҳсил мекунад. Яке аз ҳадафҳои тайёр намудани мутахассисон дар донишгоҳ- ин пеш аз ҳама таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар маҳалли зисташон мебошад. Ҷоиз ба таъкид аст, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳ 31 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Зимни мулоқот донишҷӯён мушкилот ва пешниҳодоти мушаххаси худро ба Хисрави Абдуназар манзур намуданд. Инчунин ба 40 нафар донишҷӯи камбизоат, ятим ва аълохон кумаки молиявӣ расонида шуд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






