Мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент бо донишҷӯён

Апрель 19, 2014 10:26

 
Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров раиси шаҳри Панҷакент Хисрави Абдуназар бо донишҷӯёне, ки аз ин ноҳия дар донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.  Хисрави Абдуназар гуфт, ки ҷавонон бояд пешоҳанг ва ташаббускори ормонҳои давлату миллат бошанд. Аз шаҳри Панҷакент дар макотиби олии вилоят 109 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ  таҳсил менамояд. 
Дар мулоқот зикр гардид, ки дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи  факултаҳои мухталифи ДДХ 130 нафар донишҷӯ аз шаҳри Панҷакент таҳсил мекунад. Яке аз ҳадафҳои тайёр намудани мутахассисон дар донишгоҳ- ин пеш аз ҳама таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар маҳалли зисташон мебошад. Ҷоиз ба таъкид аст, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳ 31 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. 
Зимни мулоқот донишҷӯён мушкилот ва пешниҳодоти мушаххаси худро ба Хисрави Абдуназар манзур намуданд. Инчунин  ба 40 нафар донишҷӯи камбизоат, ятим ва аълохон кумаки молиявӣ расонида шуд.

 

Апрель 19, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад