Мулоқоти С. Аслов бо П. Майлер

Апрель 29, 2014 14:32

Душанбе, 29.04.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири нави Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пол Майлерро ба муносибати супурдани нусхаи Эътиборнома ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Австралия, масъалаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои  минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва инчунин гуманитарӣ иброз намуданд.

Апрель 29, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш