Мулоқоти С. Аслов бо Президенти Озарбойҷон
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — 3 апрели соли 2014 дар шаҳри Боку Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба ҳузур пазируфт.
Дар ибтидои суҳбат Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон созишҳои дар ҷараёни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳосилшударо дар таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуд. Роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳори умедворӣ кард, ки инчунин сафари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дар навбати худ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон саломи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба Роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон расонида, паёми даъвати ташрифро ба Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар асоси принсипҳои дӯстиву ҳамкорӣ, бо назардошти дурнамо ва манфиатҳои тарафайн густариш меёбанд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи имрӯза ва рушди минбаъдаи муносибтҳои ду давлат, инчунин оид ба роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






