Мулоқоти С. Аслов бо вазири корҳои хориҷии Беларус
Душанбе, 5.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- 4 апрели соли 2014 дар шаҳри Москва дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей доир гардид.
Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба муҳокима гардида, доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, инчунин ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гаштанд.
Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Беларус дар чаҳорчӯбаи Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамчун институти ҳамоҳангсози татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда дар соҳаҳои кишоварзӣ саноати хӯрокворӣ ва сабук, инчунин бунёди корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва мошинсозӣ, баҳои баланд доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






