Мулоқоти Ш.Саид бо Д.Мезентсев

Апрель 18, 2014 14:50

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). – Назар ба  хабари  маркази  матбуоти  ПСС  ҶТ,  17  апрел  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон,  раиси  Шӯрои  соҳибкорони  СҲШ  Шариф  Саид  бо  Дабири  кулли  СҲШ  Дмитрий  Мезентсев  сӯҳбат  намуд. 
Ҷонибҳо  дар  ҷараёни  сӯҳбат, ки  дар  фазои  дӯстию  ҳамфикрӣ   сурат  гирифт,   перомуни   арзёбии  вазъу  дурнамои  фаъолияти  Шӯрои  соҳибкорони  СҲШ  табодули  афкор  намуданд. 
— Созмони Ҳамкории  Шанхай  омили  муҳими  ҳамкории  минтақавии   иқтисодӣ  гардида, Шӯрои  соҳибкорони  СҲШ  бояд  барои  рушду густариши ҳамкории  ҳамкории  судманд ҳамаи  чораҳои  имконпазирро  дида,  ба  таҳияи   стратегияи  рушди  миёнамӯҳлати  СҲШ то  соли  2025  саҳми  худро  гузорад, — гуфт  Дмитрий  Мезентсев. 
Ба  гуфтаи  Шариф  Саид,  Шӯрои  соҳибкорон   зимни  фаъолияти  худ  ба иҷрои  вазифаҳои  мушаххаси бахши   ҳамкории  иқтисодӣ  ва  маблағғузорӣ,  ҳамчунин имкониятҳои  кишварҳои  мушоҳиди назди  СҲШ ва  мушорикон  ҷиҳати  роҳандозии  муколама  барои  ҷалби онҳо  дар   чорабиниҳои  Шӯрои  соҳибкорони  СҲШ  такя  менамояд. 
Шариф  Саид   ҳамчунин  пешниҳод  намуд, ки   ҳамкории  байни  палатаҳои  савдо  ва  саноати  давлатҳои  аъзои  Созмони  Ҳамкории  Шанхай вусъвт  дода  шавад. 

Апрель 18, 2014 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик