Мулоқоти Ш.Саид бо Д.Мезентсев
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – Назар ба хабари маркази матбуоти ПСС ҶТ, 17 апрел раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, раиси Шӯрои соҳибкорони СҲШ Шариф Саид бо Дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев сӯҳбат намуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат, ки дар фазои дӯстию ҳамфикрӣ сурат гирифт, перомуни арзёбии вазъу дурнамои фаъолияти Шӯрои соҳибкорони СҲШ табодули афкор намуданд.
— Созмони Ҳамкории Шанхай омили муҳими ҳамкории минтақавии иқтисодӣ гардида, Шӯрои соҳибкорони СҲШ бояд барои рушду густариши ҳамкории ҳамкории судманд ҳамаи чораҳои имконпазирро дида, ба таҳияи стратегияи рушди миёнамӯҳлати СҲШ то соли 2025 саҳми худро гузорад, — гуфт Дмитрий Мезентсев.
Ба гуфтаи Шариф Саид, Шӯрои соҳибкорон зимни фаъолияти худ ба иҷрои вазифаҳои мушаххаси бахши ҳамкории иқтисодӣ ва маблағғузорӣ, ҳамчунин имкониятҳои кишварҳои мушоҳиди назди СҲШ ва мушорикон ҷиҳати роҳандозии муколама барои ҷалби онҳо дар чорабиниҳои Шӯрои соҳибкорони СҲШ такя менамояд.
Шариф Саид ҳамчунин пешниҳод намуд, ки ҳамкории байни палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вусъвт дода шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






