Мулоқоти Сироҷидин Аслов ва Сауд ал-Файсал

Апрель 1, 2014 09:17

 
Душанбе, 1.04.2014 (АМИТ «Ховар»).-   31 марти соли 2014 дар шаҳри Риёз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар оғози боздиди расмии худ аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Вазири корҳои хориҷии он кишвар шоҳзода Сауд ал-Файсал мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқоти мазкур доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дучонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо бо ишора ба имконияту зарфиятҳои густурдаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар, омодагӣ ва рағбати худро ба таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баён карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расид.

 
 
 
 
 
 
 

Апрель 1, 2014 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад