Мулоқоти Сироҷидин Аслов ва Сауд ал-Файсал
Душанбе, 1.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- 31 марти соли 2014 дар шаҳри Риёз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар оғози боздиди расмии худ аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Вазири корҳои хориҷии он кишвар шоҳзода Сауд ал-Файсал мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқоти мазкур доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дучонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо бо ишора ба имконияту зарфиятҳои густурдаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар, омодагӣ ва рағбати худро ба таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баён карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






