Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо раиси Бонки рушди исломӣ
Душанбе, 1.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар қароргоҳи Бонки рушди исломӣ дар Ҷидда, Подшоҳии Арабистони Саудӣ 31 март, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо раиси Бонки мазкур Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот дидор намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ дар заминаҳои гуногун, бахусус дар чаҳорчӯби татбиқи се ҳадафи роҳбурдии кишвари мо: расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории босамари бисёрсола, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои нави муҳими зербиноӣ таъкид намуданд.
Раиси Бонки рушди исломӣ саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар густариши ҳамкории кишварҳои узви Бонки мазкур баланд арзёбӣ карда, дар Душанбе майи соли гузашта баргузор шудани иҷлоси 38-уми Шӯрои мудирони Бонки рушди исломиро рӯйдоди бисёр муҳими байналмилалӣ номид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






