Муъминобод: санҷиш дар 61 нуқтаи назоратӣ
Муъминобод, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Кормандони Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод дар давоми се моҳи соли ҷорӣ аз 459 нуқтаи таҳти назоратбуда дар 61-тоаш санҷиш гузарониданд. Ба қавли директори марказ Сафаралӣ Назаров барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ нисбат ба 28 нафар шахси мутасаддӣ ва воқеӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо 2400 сомонӣ ҷарима шуданд.
Зимни санҷиш зиёда аз 60 кг маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта аз муомилот боздошта шуд. Инчунин фаъолияти 2 нуқтаи назоратӣ то бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда боздошта шуд. Бо мақсади ташхиси саривақтии бемориҳои сироятӣ ва назорат аз болои оби нӯшокӣ ва маводи хӯрокӣ дар таҳлилгоҳҳои марказ зиёда аз 1400 санчиш гузаронида шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






