Мусодираи 102 тонна маводи мухаддир дар 20 сол
Душанбе, 03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 20 соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 102 тонна воситаҳои нашъадор мусодира шуданд. Аз ин миқдор 32,7 тонна героин, 36,3 т афюн, 31,7 т маводи нашъадори гурӯҳи бангдона ва 1,3 тонна дигар намуди воситаҳои нашъадор мебошанд.
«Тамоюли зиёдшавии мусодираи воситаҳои нашъадор, ки баъди соли 2010 оғоз шуд, дар соли 2013 идома ёфт.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ миқдори мусодираи маводи мухаддир 71,3 % зиёд шуда, аз 3902,7 кг дар соли 2010 то 6686,5 кг дар соли 2013 афзоиш ёфтааст»,- зикр менамояд сарчашма.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






