Мусодираи 102 тонна маводи мухаддир дар 20 сол

Апрель 3, 2014 10:38

Душанбе, 03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 20 соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 102 тонна воситаҳои нашъадор мусодира шуданд. Аз ин миқдор 32,7 тонна героин, 36,3 т афюн, 31,7 т маводи нашъадори гурӯҳи бангдона ва 1,3 тонна дигар намуди воситаҳои нашъадор мебошанд. 
«Тамоюли зиёдшавии мусодираи воситаҳои нашъадор, ки баъди соли 2010 оғоз шуд, дар соли 2013 идома ёфт. 
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ миқдори мусодираи маводи мухаддир  71,3 % зиёд шуда, аз 3902,7 кг дар соли 2010 то 6686,5 кг дар соли 2013 афзоиш ёфтааст»,- зикр менамояд сарчашма.

Апрель 3, 2014 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд