Мусодираи 8,2 тонна маводи мухаддир дар сарҳад

Апрель 9, 2014 08:36

Душанбе, 9.04.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода).- Масофаи сарҳади Тоҷикистону  Афғонистон 1 ҳазору 344 км буда, яке аз роҳҳои асосии транзити маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи  Марказӣ ва Русия ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, дар давоми 5 соли охир аз ҷониби ҷузъу томҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз ҷумла Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ 8,2 тонна маводи мухаддир, аз ин шумора  816 кг ҳероин, 1,3 тонна афюн ва 6 тонна маводи нашъадори гурӯҳи бангдона мусодира гардидааст.
Ҳамчунин аз ҷониби хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори ҶТ, дар хати сарҳади давлатӣ 264 силоҳи оташфишон ва зиёда аз 68 ҳазор лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид. 150 нафар қочоқбар дастгир ва 56 нафар нобуд шуда, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур 180 парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шуд.
«Дар ин давра сарҳадбонон 92 маротиба нисбат ба гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки мехостанд сарҳади давлатиро убур намоянд, муҳорибаҳои ошкоро бурданд. Дар натиҷаи ин амалиёт аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик 16 афсар ва сарбоз ба ҳалокат расид»,- хабар медиҳад манбаъ.  
 
 
 
 
 

Апрель 9, 2014 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе