Мусодираи 8,2 тонна маводи мухаддир дар сарҳад
Душанбе, 9.04.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода).- Масофаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 344 км буда, яке аз роҳҳои асосии транзити маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, дар давоми 5 соли охир аз ҷониби ҷузъу томҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз ҷумла Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ 8,2 тонна маводи мухаддир, аз ин шумора 816 кг ҳероин, 1,3 тонна афюн ва 6 тонна маводи нашъадори гурӯҳи бангдона мусодира гардидааст.
Ҳамчунин аз ҷониби хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори ҶТ, дар хати сарҳади давлатӣ 264 силоҳи оташфишон ва зиёда аз 68 ҳазор лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид. 150 нафар қочоқбар дастгир ва 56 нафар нобуд шуда, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур 180 парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шуд.
«Дар ин давра сарҳадбонон 92 маротиба нисбат ба гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки мехостанд сарҳади давлатиро убур намоянд, муҳорибаҳои ошкоро бурданд. Дар натиҷаи ин амалиёт аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик 16 афсар ва сарбоз ба ҳалокат расид»,- хабар медиҳад манбаъ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






