Мусодираи маводи ғайриистеъмолӣ

Апрель 12, 2014 10:13

Хоруғ, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Комиссия  дар ҳайати кормандони  Раёсатҳои  стандартизатсия,  нозироти андоз, кишоварзӣ ва  маркази вогиршиносии ВМКБ аз мағозаву бозорҳои шаҳри Хоруғ маводи хӯрокӣ, аз қабили равған, чой ва маводи дигари хӯроквориеро, ки муҳлати истеъмолашон гузаштаанд, мусодира ва нобуд сохт. Ин маводи   ғизоӣ дар тӯли  се моҳ дар ҷараёни санҷиши ин ниҳодҳо  барои паст будани сифат ва  мутобиқат надоштан ба стандарти давлатӣ ва муҳлаташ гузашта   мусодира гардид. 
Ба гуфтаи Озодбахш Мародҳусейнов, мудири бахши  Раёсати стандартисизатсия, метрология, сертификатсия  ва  нозироти  савдои  вилоят  бештари ин мавод аз  мағозаву нуқтаҳои  савдои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон  гирифта шуда, баъди хулосаи ташхиси лабораторӣ барои мутобиқат надоштан ба меъёрҳои хӯроки истеъмолӣ нобуд  шуданд.   
      Ҳамчунин гуфта шуд ба миқдори 670 литр  равғани растанӣ аз муомилот гирифта шуда,  барои коркард  дар шароити хона  вопас гардонда  шуд. Озодбахш Мародасейнов ҳамчунин гуфт, ки  ин санҷиш дар пайи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва Қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» анҷом дода шуд.  Ба гуфтаи манбаъ надонистани қонун дар бештари мавридҳо  ба поймол шудани  ҳуқуқи истеъмолкунандагон сабаб шудааст. Аммо  надонистани қонун тоҷирону савдогаронро аз ҷавобгарӣ  озод намекунад ва онҳо бояд кӯшиш кунанд, ки молҳои  хушсифатро ба истеъмолкунандагон пешниҳод кунанд.  
      Дар давоми соли 2013-ум  аз сӯи Раёсати стадартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозирони савдои вилоят ба миқдори 203 килограмм тарбуз,  40 кг сақич,  35 килограмм маҳсулоти қаннодӣ ва  ҳудуди 50 литр равғани растанӣ аз нуқтаҳои савдо  мусодира  ва нобуд карда шуд.

Апрель 12, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик