Мусодираи маводи ғайриистеъмолӣ
Хоруғ, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Комиссия дар ҳайати кормандони Раёсатҳои стандартизатсия, нозироти андоз, кишоварзӣ ва маркази вогиршиносии ВМКБ аз мағозаву бозорҳои шаҳри Хоруғ маводи хӯрокӣ, аз қабили равған, чой ва маводи дигари хӯроквориеро, ки муҳлати истеъмолашон гузаштаанд, мусодира ва нобуд сохт. Ин маводи ғизоӣ дар тӯли се моҳ дар ҷараёни санҷиши ин ниҳодҳо барои паст будани сифат ва мутобиқат надоштан ба стандарти давлатӣ ва муҳлаташ гузашта мусодира гардид.
Ба гуфтаи Озодбахш Мародҳусейнов, мудири бахши Раёсати стандартисизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят бештари ин мавод аз мағозаву нуқтаҳои савдои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон гирифта шуда, баъди хулосаи ташхиси лабораторӣ барои мутобиқат надоштан ба меъёрҳои хӯроки истеъмолӣ нобуд шуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд ба миқдори 670 литр равғани растанӣ аз муомилот гирифта шуда, барои коркард дар шароити хона вопас гардонда шуд. Озодбахш Мародасейнов ҳамчунин гуфт, ки ин санҷиш дар пайи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва Қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» анҷом дода шуд. Ба гуфтаи манбаъ надонистани қонун дар бештари мавридҳо ба поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон сабаб шудааст. Аммо надонистани қонун тоҷирону савдогаронро аз ҷавобгарӣ озод намекунад ва онҳо бояд кӯшиш кунанд, ки молҳои хушсифатро ба истеъмолкунандагон пешниҳод кунанд.
Дар давоми соли 2013-ум аз сӯи Раёсати стадартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозирони савдои вилоят ба миқдори 203 килограмм тарбуз, 40 кг сақич, 35 килограмм маҳсулоти қаннодӣ ва ҳудуди 50 литр равғани растанӣ аз нуқтаҳои савдо мусодира ва нобуд карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






