Мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ба рақобатнокии бахши хусусӣ

Апрель 7, 2014 10:46

Душанбе, 7.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 1 то 5 апрели соли 2014 миссияи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии татбиқи «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» ба Тоҷикистон ташриф овард ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.
Аз маркази матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси кумита аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ёдовар шуд ва иброз намуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар самти беҳбуд бахшидани «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» тамоми тадбирҳоро меандешад.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Қаҳир Данани ба тадбирҳои андешида ва амалинамудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати беҳсозии фазои соҳибкорӣ, умуман дар татбиқи лоиҳа баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ин пешравии назаррас  баробари ба сари кор омадани роҳбарияти нави кумита ва ҳамчунин роҳбарии Лоиҳаро ба зимма гирифтани муовини аввали раис Лочин Файзуллоев ба назар мерасад. Аз ин натиҷагирии судманд роҳбари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ қаноатмандии хешро иброз дошт ва зикр намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки дар доираи «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» ҳамкориҳои самараноки дуҷонибаро вусъати тоза бахшад.
 

Апрель 7, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик