Мутобиқати санадҳои байналмилалӣ ба Сарқонуни кишвар

Апрель 16, 2014 10:56

Душанбе, 16.04.14 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Мутобиқати санадҳои байналмилалӣ ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масоилҳоест, ки ҳанӯз таҳлили илмии амиқ ва пурраи худро наёфтааст. Мувофиқи муқаррароти қисми 3-юми моддаи 10-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Вобаста ба ин мавзӯъ бо Сафарбек Нуралиев, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат гардидем. Мавсуф гуфт:- Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» низоми санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар карда, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз Сарқонун ва қонунҳое, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, дар ҷойи сеюм мегузорад. Мутобиқи моддаи 8-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд ва амали бевосита доранд. Тартиби эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар худи ин санадҳо ё қонун муқаррар мегардад. Тартиби бастан, тасдиқ, иҷро, беэътибор донистан, қатъ, бекор кардан ва боздоштани амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд. Дар як вақт тартиби қабул, иҷро намудан, беэътибор донистан, қатъ кардан, бекор намудан ва боздоштани амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро қонуни мазкур ба танзим намедарорад. Инчунин моддаи 7-уми қонуни мазкур санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон мансуб медонад. Аммо дар намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки боби дуюми қонуни мазкур бахшида шудааст санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ тавсир ва нишон дода нашудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, барои амалӣ гардонидани уҳдадориҳои байналмилалӣ муваззаф мебошад. Ҷумҳурӣ узви созишномаҳои бисёртарафаи байналмилалие мебошад, ки дар сатҳи СММ, ИДМ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба имзо расидаанд. Тасдиқи санадҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Маҷлиси намоянданони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст. Хулоса, аз рӯи шартномаи байналмилалие, ки барои тасдиқ ё бекоркардан пешниҳод гардидааст, бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзоёни кумитаи масъул қабул мешавад. Маҷлиси намояндагон қарори тасдиқ ё бекор кардани шартномаи байналмилалиро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мекунад. Агар лоиҳаи қарор дар бораи тасдиқ ё бекор кардани шартномаи байналмилалӣ миқдори зарурии овози вакилони Маҷлиси намояндагонро нагирад, он тасдиқ нашуда ва бекор нагардида ҳисобида мешавад. Аммо дар хусуси мутобиқати санадҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» чизе гуфта нашудааст. Гузашта аз ин худи Сарқонун низ дар ин масъала ягон меъёре муқаррар накардааст. Инчунин Сарқонун ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бартарии санадҳои эътирофшудаи байналмилалиро, яъне агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд асоснок накардаанд. Бояд тазаккур дод, ки ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои байналмилалиро ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс, мутобиқати Сарқонунро ба санадҳои эътирофшудаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар накардааст. Дар ин масъала танҳо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионӣ» баъзе меъёрҳоро муайян кардааст. Аз тарафи Суди конститутсионӣ ғайриконститутсионӣ донистани шартномаҳои байналмилалии эътибори қонунӣ пайдо накардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад, ки ин шартномаҳо ё баъзе нуқтаҳои онҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надоранд,- иброз дошт Сафарбек Нуралиев, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.

Апрель 16, 2014 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст