Мутобиқ намудани қонуни конститутсионӣ ба қонун «Дар бораи силоҳ»

Апрель 7, 2014 13:58

         Душанбе, 7.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» тағйирот ворид менамояд. Масъалаи мазкур имрӯз, 7 апрел дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.
       Амирқул Азимов -раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон масъалаи мазкурро дар назди аъзои Шӯро тавзеҳ дода гуфт, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод  шудааст.
      Ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ  бартараф намудани нуқсонҳои имлоии забонӣ ва мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»  мебошад.  
       Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ“, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар бораи мудофиа», Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд,  Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи коммуналии “Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушдро матраҳ намуданд

Апрель 7, 2014 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик