Мутобиқ намудани қонуни конститутсионӣ ба қонун «Дар бораи силоҳ»
Душанбе, 7.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» тағйирот ворид менамояд. Масъалаи мазкур имрӯз, 7 апрел дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.
Амирқул Азимов -раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон масъалаи мазкурро дар назди аъзои Шӯро тавзеҳ дода гуфт, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ бартараф намудани нуқсонҳои имлоии забонӣ ва мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» мебошад.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ“, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мудофиа», Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи коммуналии “Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушдро матраҳ намуданд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






