Нақшаи гумрукӣ 7,7 миллион сомонӣ барзиёд иҷро шуд
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Хадамоти гумруки Тоҷикистон фаъолияти семоҳаро ҷамъбаст намуд. Дар 3 моҳ 1494 ҳодисаи қонуншикании гумрукӣ ошкор шудааст. Дар натиҷа 1216 нафар шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 991 ҳазору 260 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Маблағи умумии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонидашуда 26 миллиону 421 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 3 миллиону 270 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар семоҳаи аввал тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиш ёфта, ба 1 миллиарду 154 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 55,9 миллион доллар кам гардида, 95,4%-ро ташкил додааст. Бо вуҷуди ин Хадамоти гумрук таъкид мекунад, ки дар семоҳаи аввали соли 2014 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ 7,7 миллион сомонӣ барзиёд иҷро шуда, ба буҷет 901,4 миллион сомонӣ ворид гардид.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






