Нақшаи гумрукӣ 7,7 миллион сомонӣ барзиёд иҷро шуд

Апрель 23, 2014 16:24

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Хадамоти гумруки Тоҷикистон фаъолияти семоҳаро ҷамъбаст намуд. Дар 3 моҳ 1494 ҳодисаи қонуншикании гумрукӣ ошкор шудааст. Дар натиҷа 1216 нафар шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 991 ҳазору 260 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Маблағи умумии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонидашуда 26 миллиону 421 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 3 миллиону 270 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар семоҳаи аввал тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиш ёфта, ба 1 миллиарду 154 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 55,9 миллион доллар кам гардида, 95,4%-ро ташкил додааст. Бо вуҷуди ин Хадамоти гумрук таъкид мекунад, ки дар семоҳаи аввали соли 2014 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ 7,7 миллион сомонӣ барзиёд иҷро шуда, ба буҷет 901,4 миллион сомонӣ ворид гардид.
 

Апрель 23, 2014 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад