Намояндагии «АксесБонк» дар вилояти Хатлон

Апрель 22, 2014 11:46

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар). —  Чанде  пеш  дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа   маросими  ботантанаи  ифтитоҳи   намояндагии  Ҷамъияти  саҳҳомии пӯшидаи  «AccessBank Tajikistan»  баргузор  гардид. Мутахассиси  ҷавон  Аъзам  Каримов  роҳбари  намояндагии  бонки  мазкур  таъйин  шудааст. 
Мувофиқи  суханони  манбаъ, намояндагии нави  бонки  мазкур  дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа  ҳаштумин  намояндагии он  ба  шумор  меравад. Бонки «АксесБонк» дар шаҳрҳои  Хуҷанду  Турсунзода  низ  намояндагиҳои  худро  дорад.
Муовини  раиси Раёсати бонк Булат Конурбоев  аз ҳадафҳои  ифтитоҳи  намояндагии  нав нақл  карда,   чунин  гуфт: «АксесБонк» дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа  намояндагии  худро  ифтитоҳ  намуда,  кӯшиш  мекунад, ки  ба  рушди тамоми  минтақаи  вилояти  Хатлон  ҳисса  гузорад. Мо  ният  дорем, ки  ба сокинони  вилоят зуд ва   хушсифат хидмат расонем. Бонки  мо  ҳамчунин ба  аҳолии  маҳаллӣ имкон  медиҳад, ки дар  бахши  интиқоли  маблағҳо  аз  системаҳои «Тоҷи  заррин», «Money Gram», «Контакт», «Лидер», «Юнистрим» бархурдор  шаванд».
Ҷамъияти  саҳҳомии  пӯшидаи  «АксесБонк» моҳи  апрели  соли  2010 таъсис ёфта, 100 фоизи  сармояаш  ба хориҷиён тааллуқ  дошта, моликияти AccessMicrofinanceHoldingAG (AccessHolding), Бонки  тармиму таҷдид  ва рушди  Аврупо, Корпоратсияи  байналмилалии  молиявӣ  ва Бонки  олмонии рушд  ба шумор  меравад. 

Апрель 22, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик