Намояндагии «АксесБонк» дар вилояти Хатлон
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар). — Чанде пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ботантанаи ифтитоҳи намояндагии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «AccessBank Tajikistan» баргузор гардид. Мутахассиси ҷавон Аъзам Каримов роҳбари намояндагии бонки мазкур таъйин шудааст.
Мувофиқи суханони манбаъ, намояндагии нави бонки мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаштумин намояндагии он ба шумор меравад. Бонки «АксесБонк» дар шаҳрҳои Хуҷанду Турсунзода низ намояндагиҳои худро дорад.
Муовини раиси Раёсати бонк Булат Конурбоев аз ҳадафҳои ифтитоҳи намояндагии нав нақл карда, чунин гуфт: «АксесБонк» дар шаҳри Қӯрғонтеппа намояндагии худро ифтитоҳ намуда, кӯшиш мекунад, ки ба рушди тамоми минтақаи вилояти Хатлон ҳисса гузорад. Мо ният дорем, ки ба сокинони вилоят зуд ва хушсифат хидмат расонем. Бонки мо ҳамчунин ба аҳолии маҳаллӣ имкон медиҳад, ки дар бахши интиқоли маблағҳо аз системаҳои «Тоҷи заррин», «Money Gram», «Контакт», «Лидер», «Юнистрим» бархурдор шаванд».
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «АксесБонк» моҳи апрели соли 2010 таъсис ёфта, 100 фоизи сармояаш ба хориҷиён тааллуқ дошта, моликияти AccessMicrofinanceHoldingAG (AccessHolding), Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Бонки олмонии рушд ба шумор меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






