Намояндаи КФО фаъолияти доваронро арзёбӣ мекунад
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар). — Намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё Фарҳод Абдуллоев барои арзёбии фаъолияти ду нафар доварони ҷавони тоҷик – Насрулло Кабиров (Норак) ва Парвиз Муртазоев (Душанбе) ба манзури дохил намудани онҳо ба рӯйхати боэътимоди доварони Конфедератсияи футболи Осиё 26 апрел аз Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе меояд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, корманди ФИФА Фарҳод Абдуллоев ҷараёни фаъолияти довари асосии вохӯрии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Энергетик» — и пойтахт Насрулло Кабировро назорат ва арзёбӣ мекунад.
Фарҳод Абдуллоев ҳамчунин 27 апрел фаъолияти довари ФИФА Парвиз Муртазоевро ҳангоми вохӯрии байни дастаҳои ССКА «Помир» ва «Регар – ТадАЗ» мушоҳида ва арзёбӣ менамояд.
Хотирнишон месозем, ки дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон фақат довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба рӯйхати боэътимоди доварони Конфедератсияи футболи Осиё дохил аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






