Нашъаҷаллобон боз дастгир шуданд

Апрель 10, 2014 13:16

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Муқаддас  Темурзода). — Назар  ба  хабари  Вазорати  корҳои  дохилии  ҶТ,  кормандони  милиса  се  ҳодисаи  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддирро  ошкор  намуданд. 
Кормандони шуъбаи  корҳои  дохилии  шаҳри  Турсунзода ҳангоми амалиёти фаврӣ  Турабек  Ҳасанови  30 — сола  ва  ду  нафар  шарикони  ӯро, ки  сокинони  ҳамин  шаҳр  мебошанд,  дастгир  намуда, аз Турабек  Ҳасанов  856  грамм бангдонаро  мусодира  намуданд.
Ҳамчунин шаҳрванд  Бахтиёр Муҳиддинов бо  гумонбари гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  дастгир  шуда, аз ӯ 182  грамм  ҳашиш мусодира гардид. 
Кормандони  милисаи ноҳияи  Ғончӣ сокини  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  Ғолибҷон  Ҳоҷиевро  дастгир  намуда, аз  номбурда 136  грамм  ҳашишро  мусодира  карданд.
Ҳаҷми  умумии  маводи  мухаддири  мусодирашуда 1  килограмму  174  граммро ташкил  дод.
Аз  рӯи  ин  ҳодисаҳо  парвандаи  ҷиноӣ  кушода,  тафтишот  идома дорад.

Апрель 10, 2014 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе