Натиҷаҳои сафари расмии С.Аслов ба Туркманистон

Апрель 16, 2014 17:14

Душанбе, 16.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- 16 апрели соли 2014 сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Туркманистон баргузор гардид.
Дар доираи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷиро Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳузур пазируфт ва инчунин мулоқоти С.Аслов бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов доир гардид.
Дар вохӯриҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон мавқеи ҳамсон доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар пояи асосҳои боварӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ асос ёфта, дар тавсеаи онҳо муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нақши муҳимро мебозад.
Ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро дар густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика, маориф ва фарҳанг тасдиқ намуда, зарурати истифодаи васеи иқтидори кишварҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид сохтанд.
 
 

Апрель 16, 2014 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик