Натиҷаҳои сафари расмии С.Аслов ба Туркманистон
Душанбе, 16.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- 16 апрели соли 2014 сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Туркманистон баргузор гардид.
Дар доираи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷиро Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳузур пазируфт ва инчунин мулоқоти С.Аслов бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов доир гардид.
Дар вохӯриҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон мавқеи ҳамсон доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар пояи асосҳои боварӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ асос ёфта, дар тавсеаи онҳо муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нақши муҳимро мебозад.
Ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро дар густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика, маориф ва фарҳанг тасдиқ намуда, зарурати истифодаи васеи иқтидори кишварҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид сохтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






