Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа

Апрель 14, 2014 11:28

Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров ).- 11-уми апрели соли 2014  ҷаласаи  мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он фаъолияти семоҳаи якуми соли 2014-и раёсатҳо, марказу шуъбаҳо ва сохторҳои тобеи он натиҷагирӣ шуд ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори нимсолаи аввали соли равон мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло гуфт, ки дар баробари муваффақиятҳои бадастомада, ҳамчунин дар соҳа норасоиҳо низ ҷой доранд ва ба масъулин супориш дод, ки аз пайи ислоҳи камбудиҳо шаванд.
Дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ВМКБ, ҳамчунин   сардорони шуъбаҳои назорати давлатии дастгоҳи марказии кумита иштирок карда, дар асоси пешниҳодҳои онҳо қарори ҷаласа қабул шуд.
Дар маърўзаҳо таъкид гардид, ки фаъолияти асосии кумита аз пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи  оқилона ва ба меъёр даровардани истифодаи захираҳои табиат иборат мебошад. Бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ” 5576 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013   288 адад зиёд мебошад. 

Апрель 14, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик